Мулоқоти муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санаи 7 январи соли 2023 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аики Тосихиро баргузор гардид. Дар вохӯрӣ инчунин директори корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушаманд (Smart City)» Саъдӣ Самадзод иштирок намуданд.

Мавзӯи асосии вохӯрӣ баррасии лоиҳаҳои КВД «Шаҳри ҳушаманд (Smart City)» – «Истгоҳҳои ҳушманд» ва «IT Park» буд. Зимнан зикр гардид, ки лоиҳаҳо бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар давраи то соли 2025 амалӣ карда мешаванд: аз ҷумла барои рақамикунонии системаи нақлиёт ва ҷорӣ намудани навовариҳои технологие, ки ба дигаргунсозӣ ва вусъат бахшидан соҳа инчунин дар рақамикунонии Тоҷикистон ва пойтахти он шаҳри Душанбе таъсир мерасонанд.

Ҷонибҳо нияти идомаи ҳамкории зичро дар татбиқи лоиҳаҳои КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» баён намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top