12.02.2020 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2019 нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар он муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе роҳбарони сохторҳои дастгоҳи Раис ва муассисаву корхонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2019 ва нақшаҳо барои давраи минбаъда дар назди намояндагони Васоити ахбори омма гузориш дод.
Тавре зикр гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2019 бо ҳидояту дастгириҳои бевосита ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмин намудани рушди босуботи ҳамаи соҳаҳои пойтахти мамлакат, амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон хеле корҳои назарраси созандагиро ба анҷом расонид.
Соли 2019 бо ибтикор ва иштироки Пешвои муаззами миллат дар шаҳр корхонаҳои муосири истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма», коркарди сангҳои ватании «Зиркон», ҷиҳозбарории «Бисот», истеҳсоли маҳсулоти заргарии «Равшан» ва корхонаи истеҳсоли асфалту бетон бо таъсиси беш аз 500 ҷойи нави корӣ ба истифода супорида шуданд.
Аз ҳисоби ба кор даровардани иқтидорҳои нав ва баланд бардоштани иқтидорҳои мавҷуда дар корхонаю коргоҳҳои пойтахт, дар маҷмӯъ, беш аз 31 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба 3,2 миллиард сомонӣ баробар шуда, назар ба соли гузашта 18 фоиз афзоиш ёфтааст.
То ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ шумораи муассисаҳои нави таълимӣ ба 30 ва шумораи ҷойҳои нави нишаст ба 27 ҳазор расонида шуда, ба ин васила масъалаи норасоии ҷойи нишасти хонандагон пурра ҳал мегардад.
Соли 2019 сохтмони 58 майдончаи варзиш ва 6 боғу гулгашт мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо ибтикори Сарвари давлат барои бунёди Боғи “Истиқлолият” бо майдони «Истиқлол ва Озодӣ” ва 8 меҳмонхонаи замонавӣ санги асос гузошта шуд.
Дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии ин давлат сохтмони 9,2 километр роҳи мошингард ба маблағи 46 миллион доллари амрикоӣ оғоз гардид.
Соли 2019 аз корхонаи ватании “АКИА” 100 автобус ва аз Ҷумҳурии Беларус 4 троллейбуси беноқил харидорӣ гардида, соли ҷорӣ харидории боз 100 автобус ва 100 троллейбус пешбинӣ мегардад. Амалӣ намудани низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбар яке аз дастовардҳои пойтахт дар солҳои охир мебошад.
Соли ҳисоботӣ нақшаи умумии буҷети шаҳр ба маблағи 3,1 миллиард сомонӣ ё 100 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар соҳаи обу корез бо Бонки Осиёии Рушд созишномаи грантӣ ба маблағи 46 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид ва ҳоло амалӣ шуда истодааст.
Фаъолияти мақомот дар бахши робита бо чомеа тақвият ёфта, дар умум 2560 мулоқоту вохӯриҳои фахмондадиҳӣ бо фарогирии 393 хазору 821 нафар доир ба иштироки сокинон дар корҳои созандагӣ ва ҳамбастагии онҳо ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби ғояҳои истиқлолият, худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ташаккули тарзи хаёти солим, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, мусоидат ба рушди маънавиёт ва фарҳанги шаҳрнишинӣ дар ҳошияи шарҳу тавзеҳи муҳтавои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2019 ва дигар санадхои меъёрии хуқуқӣ амалӣ гардида, 138 фестивалу озмунҳо, 28 конференсия ва ҳамоишҳои илмии сатҳи баланд 63 мизҳои мудаввар, 2 форуми байналмилалӣ ва 4 форуми шаҳрӣ бо иштироки олимону коршиносон ва мутахаассисон баргузор карда шуд.
Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ яке аз вазифаҳои муҳимми шаҳрдорӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷиҳати хизматрасонии саривақтии ёрии таъҷилӣ 8 воситаи нақлиёти замонавӣ харидорӣ гардид.
Барои баланд бардоштани нақши занон дар таҳкими оила, таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии шиддати пошхӯрии оилаҳо, мусоидат ба таҳсил ва бо шуғл таъмин намудани занону духтарон аз ҷониби мақомот тадбирҳои мунтазам амалӣ карда мешаванд.
Шумораи умумии бонувони пойтахт ба 403 ҳазор нафар расида, аз ин шумора 67 ҳазор нафар аз рӯи касбу кори гуногун ба фаъолият машғул мебошанд.
Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби занону духтарон ба онҳо дар ноҳияҳои шаҳр корхонаҳои ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шуда, занону духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифта шудаанд.
Дастпарварони мактабҳои махсуси захираҳои олимпии шаҳр дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 1800 медали тилло, 1502 соҳиби медали нуқра ва 1529 медали биринҷӣ гардиданд.
Бо мақсади муаррифии васеи имкониятҳои сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе ба забонҳои русиву англисӣ видеороликҳо таҳия гардида, сомонаи расмии сайёҳии пойтахт фаъол ва тамоми иттилооти сомона бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода карда шуданд.
Аз ҷониби ташкилоти бонуфузи байналмилалии омори сайёҳӣ соли 2019 шаҳри Душанбе ба қатори даҳгонаи шаҳрҳои амн ва макони гузаронидани чорабиниҳои солинавӣ дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф гардид.
Бо қарори Раиси шаҳр ҷиҳати таъмини фаъолияти муназзами муассисаҳои соҳаи фарҳанги шаҳр барномаи рушди соҳа қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе 4145 чорабиниҳои гуногун, бахусус, дар самти бунёди иншооти иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 23 ҳазор ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ гардидааст.
Танҳо соли 2019 дар шаҳр бунёди 11 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ барои 16 000 нафар хонандагону тарбиягирандагон, таъмиру азнавсозии 20 муассисаи тандурустӣ, 26 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо 1545 ҷойи нави корӣ, 126 ҳазор метри мураббаъ роҳҳо, 104 бинои баландошёна бо ҷойгиронии марказҳои савдо, таъмири 75 хобгоҳ, рангубори 922 бино ва азнавсозии 237 нуқтаи партовпартоӣ амалӣ карда шуд, ки ин 103,3 фоизи иҷрои нақшаи соли 2019-ро ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба пурсишу суолҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли солҳои минбаъда посух гуфтанд.
Илова кунед