Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳ аз Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин боздид ба амал оварданд.
Осорхонаи мазкур аз соли 2021 ба фаъолият оғоз намуда, дар он беш аз 2500 аксҳо, 3500 ҳуҷҷату санадҳои таърихӣ ва дигар нигораҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин ҳудуди беш аз 147 ҳазор метри мураббаъро ишѓол карда, намоишгоҳи калонтарин ва муҳими миллии Чин ба ҳисоб меёбад.
Бинои асосии он дар шакли иероглифи чинии «гун», сохта шуда, таҷассумгари пешоҳанги синфи коргар, мардум ва миллати чин будани Ҳизби Коммунистии Чин мебошад.
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Хабар медиҳад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед