10 июли соли 2023 вохўрии директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод ва роҳбари намояндагии Бонки Рушди Осиё Шенни Кэмпелл баргузор гардид.
Аз ҷониби директори корхона муаррифии лоиҳаҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» гузаронида дода шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаҳои «Шаҳри бехатар», «GPS мониторинги» дар соҳаи нақлиёт, «eTib» дар соҳаи тандурустӣ ва «Smart Lighting» дар соҳаи энергетика изҳор шуд.
Дар доираи вохўрӣ аз бинои маъмурии КВД «Шаҳри ҳушманд», ки сохтумонаш идома дорад, ки дар он ҷо таъсиси аввалин Маркази сертификатсияшудаи коркарди маълумот ва Маркази координатсионӣ мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст, дидан намуданд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеа ва рушди ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз доштанд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед