Мусобиқаи байналмилалии «Бозиҳои оянда»

Аз 21 феврал то 3 марти соли 2024 дар Қазон «Бозиҳои оянда»- аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба фиҷитал – спорт (physical+digital) баргузор мешавад. Дар ин самт варзиши классикӣ бо рақамӣ ҳамбастагӣ дорад.

Мусобиқаи байналмилалии “Бозиҳои оянда” дар саросари ҷаҳон таваҷҷӯҳи зиёд ба бор овард. Қариб ду ҳазор нафар спортсментҳои 107 мамлакат ба пойтахти Тотористон омада, қувваи худро месанљанд. Дар маҷмӯъ зиёда аз 270 даста иштирок доранд.

Қобили зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, сарони дигар давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии мультиспортӣ иштирок намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top