13 октябри соли 2025, дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе, Форуми «Women in Green Tech» баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба ҳайси платформаи муҳим барои баррасии нақши занон дар рушди технологияҳои сабз ва рақамисозии муҳити шаҳрӣ хизмат кард.
Боиси қайд аст, ки санаи 27 сентябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси «Women in Tech Tajikistan» расман оғоз ёфт. Ҳадафи ин ташаббус дастгирии занону духтароне мебошад, ки дар соҳаи технология фаъолият доранд ё ният доранд дар ин самт кору фаъолият намоянд. Ташаббус ба рушди иқтидори касбӣ, васеъ намудани шабакаи ҳамкорӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои занон равона шудааст.
Дар доираи форум намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, лоиҳаҳои марбут ба технологияҳои сабзро муаррифӣ карданд. Лоиҳаҳои мазкур ба рушди инфрасохтори устувори шаҳрӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва беҳсозии муҳити зист тавассути ҳалли рақамӣ нигаронида шудаанд.
Форуми «Women in Green Tech» ба иштирокчиён имкони мубодилаи таҷриба, баррасии мушкилот ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли инноватсионӣ фароҳам овард. Дар рафти чорабинӣ, нақши занон дар пешбурди ташаббусҳои сабз, таҳкими иқтидори технологӣ ва рушди устувори шаҳрӣ бо назардошти принсипҳои экологӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.








Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte