Санаи 24 ноябри соли 2023 дар Маркази тадбиқи лоиҳаҳои “Шаҳри ҳушманд»-и Корхонаи воҳидии давлатии «Шаҳри ҳушманд(Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба рӯзи Парчамӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯри бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид.
Иттифоқи журналистон бо мақсади ошноӣ пайдо кардан бо дигаргуниҳои пойтахти азизамон ва дар расонаҳои маҳаллии худ таблиғ намудани ин пешравиҳои беназир, ташрифи корвони журналистонро аз тамоми ноҳияҳои дурдасти кишвар ба шаҳри Душанбе ташкил намуданд.
Дар оғози мулоқот муовини директори КВД “Шаҳри ҳушманд” Бобоев Фарҳод ташрифи меҳмонро ба пойтахти Ҷумҳури Тоҷикистон-шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфтанд.
Дар рафти вохӯрӣ дастовардҳои шаҳри Душанбе дар татбиқи «лоиҳаҳои ҳушманд» бо истифода аз технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои мухталиф аз ҷумла: рақамикунонии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, барномаи «еDonish», «eTib» дар соҳаи тандурустӣ, нақлиёти ҳушманд, пардохти ғайринақдии ҳушманд, лоиҳаҳои иҷтимоӣ, коммуналӣ ва IT-парк бо намоиши навори видеоӣ оид ба фаъолияти КВД «Шаҳри ҳушманд» муаррифӣ карда шуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед