Вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» бо намояндагони ширкати K-ICT

18 июли соли 2025 вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо намояндагони ширкати K-ICT баргузор гардид.

Дар раванди вохӯрӣ муҳокимаи пешниҳоди лоиҳаи кумаки расмии рушд (КРР) оид ба таъсиси системаи интеллектуалии нақлиёт (системаи чароғакҳои шаҳр) дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Инчунин, роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» лоиҳаи мазкурро яке аз мавзӯҳои асосии «Лоиҳаҳои ҳушманд» дар бахшҳои зарури қайд намудаанд.

Дар интиҳо, тарафҳо баҳри рушди соҳаи системаи интеллектуалии нақлиёт табодули афкор намуда таъкид намуданд, ки ин вохӯрӣ ба ҳамкориҳои минбаъда мусоидат менамояд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top