24 октябри соли 2025 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло ва роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд” бо намояндагони Бонки Авруосиёгии рушд баргузор гардид.
Мавзӯи асосии вохӯрии мазкур татбиқи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» буда, ҳадафи асосии ин лоиҳа таҳияи низоми идоракунии мутамарказ дар асоси модели рақамии шаҳри Душанбе мебошад.
Вохӯрӣ дар фазои созанда ва ҳамкории самаранок баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши рушди устувори рақамӣ дар шаҳри Душанбе изҳор доштанд.






Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte