Вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия

22 июни соли 2025 вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Керефов Мурат Анатольевич дар бинои КВД «Шаҳри ҳушманд» баргузор гардид.

Сараввал ба меҳмонон рунамои фаъолияти корхона намоиш дода шуд ва муаррифии лоиҳаҳои «Ҳушманд» баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи самтҳои фаъолияти худ мубодилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонии инфрасохтори шаҳрро муҳокима намуда, мақсадҳои тарафҳоро ба манфиати рушди қарорҳои муосири шаҳр муайян намуданд.

Вохӯри дар фазои созанда баргузор гардид ва ҷонибҳо ба муколамаи минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳори манфиатдорӣ намуданд.

Дар фарҷоми вохӯри ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барои густариш ёфтани муносибатҳои дуҷониба ҳамкорӣ менамоянд.

Ҳамзамон, вохӯрӣ дар фазои дӯстона бо нияти ҳамкориҳои минбаъда, табодули таҷриба ва таҷрибаомузии пешқадам дар соҳаи технологияҳои ҳушманд баргузор карда шуд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top