Вохурии ГТЛ «Рушди устувори шаҳри Душанбе» бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ: Таваҷҷӯҳ ба ҷанбаҳои иҷтимоии идоракунии партовҳо

2 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохӯрии кории намояндагони гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид. Мавзӯи асосии муҳокима, беҳтар намудани ҷанбаҳои иҷтимоии идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар доираи ҷузъҳои пешбинишудаи лоиҳа буд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои асосии ҳамгироии равишҳои иҷтимоӣ ба идоракунии партовҳои сахти маишӣ баррасӣ гардиданд. Масъалаҳои беҳтар намудани шароит барои ҷамъоварии ғайрирасмии партовҳо, ки дар партовгоҳи шаҳрӣ ва дигар нуқтаҳои партовпартои фаъоляит менамоянд, қарор гирифтанд. Иштирокчиён ба зарурати ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи фаъолияти чунин ҷамъоварандагон, шумораи онҳо, шароити меҳнат ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ диққати махсус доданд.

Таъкид гардид, ки муттаҳидсозии иштирокчиёни равандҳои коркарди партовҳо метавонад самаранокии идоракуниро ба таври назаррас баланд бардорад ва шароити иҷтимоии меҳнатро беҳтар созад. Яке аз ҷанбаҳои муҳим пешниҳоди гузаронидани маъракаҳои васеи иттилоотӣ дар ВАО мебошад. Ин маъракаҳо на танҳо ба огоҳии шаҳрвандон дар бораи мушкилоти коркарди партовҳо равона гардидааст, балки барои беҳтар шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ бо нафароне, ки бо ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳо машғуланд. Омӯзиш ва такмили потенсиали касбии ҷамъоварандагони партовҳо имконият медиҳад, ки сифати корро беҳтар намуда ва инчунин ба онҳо барои ба сохторҳои расмии идоракунии партовҳо ворид шуданро мусоидат менамояд. Қадами муҳим ба ин раванди аккредитатсия ва бақайдгирии ҷамъоварандагони партовҳо хоҳад буд, ки ба онҳо имкон медиҳад, ки расман кор кунанд ва ба кафолатҳои иҷтимоӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

Дар фарҷоми вохурӣ ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ, ки ба ҳалли мушкилоти дар боло зикршуда равона шудааст, изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top