6 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе маросими якумин «Ҷоизасупории миллӣ дар самти тиҷорати рақамӣ (e-commerce)» баргузор гардид.
Маросими супоридани ҷоиза бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронӣ ташкил карда шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилоту идораҳое, ки дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ фаъолият доранд, иштирок намуданд.
Намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд» ва намояндагони лоиҳаи «SmartPay» ҷоизаи «Беҳтарин хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ» барои лоиҳаи «Пардохти ҳушманд (SmartPay)» гардиданд.
Ин ҷоиза натиҷаи кор оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи бомуваффақияти лоиҳа буд.
Намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд» қайд карданд, ки минбаъд низ барои такмили лоиҳаҳо дар соҳаи рақамисозӣ ҷиҳати беҳбуди инфрасохтори шаҳр кӯшиш хоҳанд кард.





Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte