Табрикнома ба муносибати Рӯзи зодрузи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Рахмон.

Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд.

Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷӯҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сардори донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.

Коллективи кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз самими қалб бо рузи зодруз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро табрик менамояд.

Бароятон тансиҳатӣ, саодатмандӣ, хонаободӣ, барори кору муваффақиятҳои кору зиндагиро орзумандем. Ҳамеша сарбаланду сарфароз бошед!

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top