Форуми сармоягузории Тоҷикистон – Россия

15 сентябри соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми сармоягузории Тоҷикистон – Россия баргузор гардид.
Созмондиҳандагони ин чорабинӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Россия мебошанд.

Ин Форум як платформаи ягонаи мубоҳисавӣ барои сармоягузорон ва намояндагони доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар мебошад. Ҳайати Федератсияи Россияро Дмитрий Волвач – муовини Вазири рушди иқтисод роҳбари намуд.

Иштирокчиёни Форум имкониятҳои сармоягузориро дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, инчунин дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карданд.

Дар форуми мазкур директори КВД «Шаҳри ҳушманд» низ иштирок намуда ба ҳозирин маълумот оиди лоиҳаҳои ҳушманд дода, қайд намуданд, ки сармоягузорӣ дар соҳаи рақамисозӣ ба татбиқи лоиҳаҳои нави Россия дар Тоҷикистон метавонад таккони ҷиддӣ бахшад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top