Вохӯрӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 14 июли соли 2025 дар бинои кории Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти корхона бо Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кетрин Смиттон баргузор гардид.

Сараввал ба меҳмонон рунамои фаъолияти корхона намоиш дода шуд ва муаррифии лоиҳаҳои «Ҳушманд» баргузор гардид.

Инчунин,ҷонибҳо қайд намуданд, ки барои ҳамкориҳои дуҷониба ва фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ, маориф, бехатарии шарвандон ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, баррасӣ шуданд.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барои густариш ёфтани муносибатҳои дуҷониба ҳамкорӣ менамоянд.

Ҳамзамон, вохӯрӣ дар фазои дӯстона бо нияти ҳамкориҳои минбаъда, табодули таҷриба ва таҷрибаомузии пешқадам дар соҳаи технологияҳои ҳушманд баргузор карда шуд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top