Вохурии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо роҳбари намояндагии Юнисеф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 июни соли 2021, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохурии Муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Усома Маккавӣ Ҳогалӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо соҳаи маориф ва инчунин дастовардҳои ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлолро баррасӣ карданд.

Ҷаноби Усома Маккавӣ Ҳогалӣ қайд намуданд, ки дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо гуфтаанд, ки “Кӯдакон ояндаи дурахшони давлату миллатанд”. Вобаста ба ин, пешниҳод карда шуд, ки ЮНИСЕФ дар чорабиниҳои идона бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон”, ки 20 ноябри соли 2021 ҷашн гирифта мешавад дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намояд.

Инчунин дар ҷараёни мулоқот мавзӯи ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” -и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар амалисозии “лоиҳаҳои ҳушманд”, аз қабили лоиҳаи “eDonish” – системаи иттилоотикунонии системаи маорифи шаҳри Душанбе ва лоиҳаи “Тибби Осон” – системаи автоматикунонидашудаи дармонгоҳҳои тиббии раёсати тандурустии шаҳри Душанбе барраси карда шуд. Сардори шӯъбаи маорифи дафтари ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алберто Бианколи таъкид кард, ки татбиқи барномаи электронии “eDonish” саҳми бузург дар рушди технологияҳои рақамӣ дар системаи маорифи шаҳри Душанбе мебошад.

Мулоқот дар фазои дӯстона баргузор шуд ва ҷонибҳо изҳори омодагӣ карданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро боз ҳам густариш хоҳанд дод.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top