17 ноябри соли 2020 директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод бо Сафир, Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон дар дафтари кории Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мулоқот намуданд.
Дар раванди вохурӣ, ки дар фазои озод, дӯстона ва созанда баргузор гардид, ҷонибҳо масъалаҳо ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобиларо баррасӣ карданд. Аз ҷумла, тарафҳо ҳамкориро ҷиҳати татбиқ намудани «Лоиҳаҳои ҳушманд» дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва коркарди партовҳои сахти маишӣ ва Паркҳои инноватсионӣ баррасӣ намуданд.
Пас аз анҷоми мулоқот, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо иброз доштанд.
Обуна шавед Viber
Обуна шавед Telegram
Илова кунед