Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад.

Ҳамватанони азиз!

Ҳар сол 24 ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Ба ифтихори ин ҷашни фархунда аҳли кормандони Корхонаи воҳиди давлатии Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамаи Шуморо самимона табрик гуфта, орзуманди он ҳастем, ки Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои мардуми шарафмандамон ба сӯи ояндаи неку осуда бошад. Ба ҳар хонадони тоҷик иқболу саодат, файзу баракат ва ба кишвари маҳбубамон сулҳи абадӣ ваҳдати миллии ҷовидона орзу менамоем!

Умеди онро дорем, ки ҳамеша Тоҷикистони мо ободу зебо ва парчамаш парафшон бошад.

Обуна шавед Viber

Обуна шавед Telegram

Илова кунед

scroll to top