14 сентябри соли 2023 дар Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохурии директор Саъдӣ Самадзод бо Раиси ширкати “Rexgen Co.LTD”-и Ҷумҳурии Корея ҷаноби Сюнки Джун баргузор гардид.
Зимни вохурӣ масъалаи баимзорасонии Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати “Rexgen Co.LTD оид ба амалишавии лоиҳаи “Низоми зеҳнии сабти аксу видеоӣ дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ ва хатҳои махсуси ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинишуда, таввасути воситаҳои махсуси низоми худидоракунӣ дар соҳаи нақлиёт” мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҷонибҳо харитаи роҳи лоиҳаро баррасӣ намуда, барои ҳалли қадамҳои минбаъдаи тадбиқи он ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон, меҳмонон аз сохтмони бинои маъмурии корхона ва бинои IT-PARK дидан намуданд.
Дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо омодагии худро барои истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба дар татбиқи лоиҳаи болозикр изҳор намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед