Вохурӣ бо Сафири Фавкулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Чин дар Ҷумхурии Тоҷикистон

25 августи соли 2021 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри њушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохурии директори корхона Саъдӣ Самадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лю Бин баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ директори корхона меҳмононро бо самти фаъолияти корхона шинос намуда, бо лоиҳаҳои “IT-парк”, “Системаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ”, “Ҳукумати электронӣ” ошно гардониданд. Таваҷҷӯҳи хоса ба амалишавии лоињањо дар шакли “Шарикии давлат бо бахши хусуси” дода шуд, ки метавонад сармоягузорони хусусиро дар амалисозии лоиҳаҳо љалб намояд.

Директори корхона Саъдӣ Самадзод барои густариши њамкорињо ва пешбурди робитањои дустона байни ду давлат ба Сафири Ҷумҳурии Халқии Чин ҷаноби Лю Бин изҳори миннатдорї намуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона баргузор шуд ва ҷонибҳо изҳори омодагӣ карданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро боз ҳам густариш хоҳанд дод.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top