16 феврали соли 2021 дар дафтари кории Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти директор, муҳтарам Самадзод Саъдӣ Хайрулло бо роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фарух Султонов баргузор гардид.
Зимни мулоқот мубодилаи афкор пиромуни таҳкими масъалаҳои ҳамкорӣ, фароҳам овардани муҳити шаффофи сармоягузорӣ, муаррифии лоиҳаҳои ҳушманд дар соҳаҳои нақлиёт, маориф, тандурустӣ, ташкили IT-PARK, ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудаанд.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ доир гашт ва таъкид гардид, ки идомаи ҳамкорӣ дар самтҳои таваҷҷуҳи тарафайн барои таҳкими робитаҳо дар оянда пурсамар хоҳад буд.
Обуна шавед Viber
Обуна шавед Telegram
Илова кунед