20 январи соли 2022 дар бинои КВД «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии Директори Корхона Саъди Самадзод бо Сафири фавқулодда ва мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс, директори Департаменти рушди байналмилалӣ (DFID) Мирзо Ҷаҳонӣ ва мушовири сиёсӣ ва тиҷоратӣ Ҷамшед Раҷабов доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ тарафайн лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» аз қабили «еДониш» дар соҳаи маориф, «еТиб» дар соҳаи тандурустӣ, «Ҳукумати электронӣ» ва лоиҳаи «IT Парк», ки сохтмони он дар шаҳри Душанбе дар назар аст муҳокимарони намуданд. Зимнан зикр гардид, ки мақсади асосии лоиҳаҳо баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон дар соҳаи IT-технологияҳо ва мухофизати тартиботи чамъиятӣ мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва табодули афкор доир ба лоиҳаҳои дар боло зикршуда низ баррасӣ шуд. Мулоқот дар фазои дӯстона баргузор гардид ва ҷонибҳо изҳори омодагӣ карданд, ки ҳамкориҳои боз ҳам густариш хоҳанд дод.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед