4-уми феврали соли 2026 ба Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, ташриф оварданд.
Роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» меҳмононро гарму самимӣ истиқбол намуда, ҳайати онҳо нахуст аз бинои корхона дидан карда, бо фаъолияти корхона ва имкониятҳои технологию инфрасохтории он шинос гардиданд.
Ҳамзамон, ба меҳмонон рӯнамоии фаъолияти корхона ва лоиҳаҳои «Ҳушманд» пешниҳод ва муаррифӣ шуд.
Баъдан, дар толори корхона Маликшо Неъматзода бо кормандон дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», инчунин дар мавзӯи сиёсати давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият оид ба таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар андешаҳои худро баён карданд.
Дар анҷоми ҷаласа, чанд нафар аз кормандони корхона аз ҷониби муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.















Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte