Рузи 29 июн Гуруҳи корӣ аз минтақаи озоди саноатӣ (ҶДММ TEXNOPARK), ки дар масоҳати 103 гектар бунёд шудааст аз наздик шиносоӣ пайдо карданд. Парки техонологию саноатии мазкур ба таври автоматикунонида фаъолият намуда, маҳсулоту таҷҳизоти зеринро: лифтҳои ҳозиразамони гуногунҳаҷм, кондитсионерҳо, яхдонҳо, мошинаи ҷомашўӣ, пойгоҳҳои обӣ, трансформаторҳо, ки барои содирот нигаронида шудааст истеҳсол менамояд. Вобаста ба ҳамаи маҳсулоту таҷҳизоти истеҳсолшуда, озмоишҳои лабораторӣ гузаронида шуда, сертификати мутобиқат ва сифат дода мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки айни ҳол дар Парки техонологию саноатии мазкур зиёда аз 5000 (панҷ) ҳазор нафар кормандон дар ду баст фаъолият мекунанд.
Қобили қайд аст, ки тибқи фармоиши Ҳокимияти шаҳри Тошканд Парки техонологӣ-саноатӣ лифтҳои ҳозиразамони истеҳсолшударо, танҳо барои барқарор ва иваз намудани лифтҳои биноҳои баландошёнаи давраи шуравӣ ва биноҳои ҳозиразамонро дар ҳаҷми 1000 дона то охири соли ҷорӣ истифода менамоянд. Лифтҳои истеҳсолшудаи ҳозиразамон бо камераҳои назоратӣ-мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, кори онҳо дар Маркази низоми назорати мониторӣ TEXNOPARK ба таври тестӣ ба роҳ монда шудааст ва баъди гузаштани санҷиш ба ихтиёри Хадамоти манзилии коммуналӣ гузаронида мешавад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед