Вохурӣ бо роҳбари Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Санаи 13 апрели соли 2021 бо ташаббуси КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Маркази технологияи информатсионӣ коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муаррифии барномаи электронии “eDonish” гузаронида шуд. Дар муаррифӣ иштирок доштанд:

Исмоилзода Баҳром, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Самадзод Саъдӣ, директори КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Каримзода Шавкат, директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Асҳобиддини Шералӣ, директори Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Бурҳонов Обидҷон, директори ҶДММ “Ватан ИКТ”.

Муаррифии барномаи электронии “eDonish”-ро Самадзод Саъдӣ директори КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” оғоз намуда ба ҳозирин дар бораи мақсад ва вазифаҳои барномаи “eDonish” системаи иттилоотикунонии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд. Дар анҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро ҷиҳати ҷорӣ намудани барномаи электронии “eDonish” дар МТМУ шаҳри Душанбе баён намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top