СУХАНРОНИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Модарону хоҳарони азиз!

Бонувони гиромӣ!

Ҳамаи шумо, ҳозирини чорабинии имрӯза ва кулли модарону хоҳарон ва бонувони пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар, ки бо оғози зеботарин фасли сол – баҳори саршор аз гулу накҳат рост меояд, самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу менамоям.

Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик дар тӯли таърихи тӯлонии миллат ҳазорон нафар шахсиятҳои оламшумулу тамаддунсозро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ парвариш карда, дар замири онҳо беҳтарин хислатҳои инсонӣ – башардӯстиву ватанпарварӣ ва ҳунармандиву созандагиро ҷой намудааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.

Имрӯз модари тоҷик роҳбари кордон, олиму донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгари фарзандон ва нуру гармии ҳар як хонадон аст.

Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати зан – модар сарчашмаи зиндагӣ ва осоиши ҳар як хонавода аст.

Модарону бонувони гиромӣ!

Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар худ гувоҳи равшани мақому манзалати баланди модарону бонувони азизи мо дар ҷомеа ва нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба онҳо мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву корӣ барои бонувону модарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону бонувон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе қариб 70 ҳазор нафар бонувон дар сохторҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла 30 ҳазор нафар дар соҳаи тандурустиву маориф кору фаъолият доранд ва беш аз 30 фоизи онҳо мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд.

Бонувону хоҳарони азизи мо ҳамчун сокинони пойтахт иқдомҳои созандаи шаҳрдориро ҳамеша дастгириву ҷонибдорӣ мекунанд ва дар амалӣ сохтани корҳои ободиву созандагӣ дар шаҳр, махсусан тозаву озода нигоҳ доштани муҳити шаҳр нақши беандоза доранд.

Мехоҳам бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳо барои ин саҳми бузургашон сипосу миннатдорӣ баён намоям.

Бонувони азиз!

Модар нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад.

Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш, таҷрибаи зиёд ва ҷаҳонбинии васеъ мебошад, фарзанди ӯ низ ҳамчун шахси босаводу хушахлоқ ба воя мерасад.

Модарону бонувони хирадманди мо бо қалби ҳассоси худ набзи ҷомеаи имрӯзаро хуб дарк менамоянд ва бовар дорам, ки ба хотири иҷрои рисолати пурмасъулияти хеш минбаъд низ барои тарбияи фарзандони худогоҳу ватандӯст саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз беҳтарин суннатҳои миллии мо ба шумор меравад.

Умедворам, ки ҳар як модар, бону ва хоҳарони мо ҳамеша равшанибахши хонадон, сафои зиндагӣ ва азизи наздикону фарзандони худ бошанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарамро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон умри дароз, иқболи нек, ободиву осоиш ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям.

Ҷашн муборак, модарону бонувони азиз!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Хабар медиҳад.

Илова кунед

scroll to top