Дар доираи форуми байналмилалии зеҳни сунъӣ “AI Conf 2025” Ёддошти тафоҳум миёни Шӯрои зеҳни сунъӣ назди Вазорати саноат ва технологияҳои навини Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» —и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати Zypl AI ба имзо расид.
Ин созишнома ба рушди муштараки лоиҳаҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ, рақамисозии инфрасохтори шаҳрӣ ва ташаббусҳои таълимӣ дар бахши ЗС равона шудааст.
Имзои ёддошт яке аз рӯйдодҳои муҳими Форуми байналмилалӣ гардид, ки талоши кишварро барои рушди технологияҳои инноватсионӣ ва ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусии технологӣ нишон медиҳад.
Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte