Санаи 30 июни соли ҷорӣ гуруҳи корӣ бо фаъолияти «Шаҳри бехатар» ва «Маркази идоракунии бехатарии ҳаракати дар роҳ»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон шинос шуданд. Аз Маркази идоракунӣ метавон ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар тамоми вилояту ноҳияҳои Ҷумҳурии Узбекистонро назорат кард.
Ҳамзамон нозирони Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶУ бо планшет ва камераҳои назоратии сарисинагӣ таъминанд, ки кор ва фаъолияти онҳоро низ аз Маркази идоракунӣ назорат кардан мумкин аст. Тамоми намуди қойидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, протоколҳо ба таври электронӣ ба расмият дароварда шуда, қойидавайронкунандагон маблағи ҷаримаро метавонад бо истифодаи барномаи мобилӣ пардохт намоянд.
Инчунин, Маркази идоракунӣ тибқи дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсони гумонбар, воситаҳои нақлиётӣ дар ҷустуҷў қарор доштаро низ ошкор ва муайян мекунад. Гуруҳи корӣ бо таҷҳизотҳои нигоҳдории маълумот (серверҳо) талаботҳои техникӣ, тартиби насб, ҷойгиркунӣ, нигоҳдории таҷҳизот ва низоми бехатарӣ аз сухтори Марказ шинос шуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед