Семинар дар мавзӯи: Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор барои татбиқи лоиҳаи “Рушди устувори шаҳри Душанбе”.

20 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе семинар дар мавзӯи: Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор барои татбиқи лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» баргузор гардид.

Семинар аз Ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Рушди устувори шаҳри Душанбе” дар якҷоягӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе, роҳбарияти Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони муассисаҳо ва идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ ташкил карда шуд.

Тибқи барномаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» ва Бонки Ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи “Рушди устувори шаҳри Душанбе”, ҳадафу вазифаҳои он, таҷрибаи беҳтарини идоракунии партовҳои сахти маишӣ, арзёбии устувории шаҳрҳо, инчунин имкониятҳои маблағгузорӣ дар соҳаи тағйиребии иқлим муаррифӣ гардиданд.

Зикр гардид, ки лоиҳаи “Рушди устувори шаҳри Душанбе” дар доираи барномаи “Шаҳри сабз” ба шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти экологияи муосир тавассути банақшагирӣ ва сармоягузории мақсаднок ба инфрасохтори шаҳр чораҷӯӣ намояд. Лоиҳа барои сохтани ояндаи беҳтари устувори шаҳр ба сокинони он кӯмак хоҳад кард.

Чорабинӣ ҳамчун майдони ҳамкорӣ барои ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли рӯзномаи ҷорӣ дар соҳаи экология хизмат кард.












Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top