10 декабри соли 2025 дар меҳмонхонаи Hilton-и шаҳри Душанбе семинар дар доираи лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» баргузор гардид, ки ба масъалаҳои рушди институционалӣ, техникӣ ва иқтисодии низоми коркарди партовҳои сахти маишӣ бахшида шуд.
Ин чорабинӣ бо дастгирии КВД «Шаҳри ҳушманд Smart city» –и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мушовирони байналмилалӣ ташкил гардид, ки натиҷаҳои таҳқиқот ва пешниҳодҳои амалиро оид ба муосирсозии низоми мавҷудаи коркард бо партовҳо муаррифӣ намуданд.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён вазъи инфрасохторро баррасӣ намуда, зарурати ҷорӣ намудани усулҳои муосири ҷудосозӣ, коркард ва ҷойгиркунии экологӣ-бехатари партовҳоро таъкид карданд.
Намояндагони хадамоти шаҳрӣ ва коршиносони даъватшуда зикр намуданд, ки рушди низоми коркард бо партовҳо ҷузъи ҷудонашавандаи стратегияи рушди устувори Душанбе буда, ниёз ба навсозии заминаи меъёрӣ ҳуқуқӣ ва такмили механизмҳои ташкилӣ дорад. Ба нақши бахши хусусӣ, шарикии давлативу хусусӣ ва имкониятҳои баланд бардоштани самаранокии хароҷот таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар натиҷаи суханрониҳои мушовирони байналмилалӣ ба иштирокчиён моделҳои молиявӣ, вариантҳои танзими тарифӣ, манбаъҳои маблағгузорӣ ва нишондиҳандаҳои пешбинишудаи устувории иқтисодии соҳа пешниҳод гардиданд.
Семинар ба ҳайси минбари муҳими касбӣ барои мубодилаи таҷриба, ҳамоҳангсозии равишҳо миёни сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи коршиносон хизмат намуд ва натиҷаҳои он дар ташаккули марҳилаҳои минбаъдаи лоиҳаи рушди низоми идоракунии партовҳо дар пойтахт истифода хоҳанд шуд.






Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte