Сафари кории ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба кишварҳои Бенилюкс

27-29 апрели соли 2026 ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Исмоилзода Нурҷаҳон бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодӣ, илмӣ, нақлиётӣ, технологияҳои рақамӣ ва рушди шаҳрҳои ҳушманд аз як қатор ниҳодҳои давлатӣ ва марказҳои инноватсионӣ дар Подшоҳии Белгия ва Ҳертсогии Бузурги Люксембург боздид ба амал овард.

Дар доираи сафар ҳайат аз бинои Парлумони Фландрия, Институти тадқиқотии кишоварзӣ ва озуқавории Фландрия (ILVO), Маркази инноватсионии иқтисодии Антверпен “The Beacon” ва як қатор ширкатҳои логистикӣ шиносоӣ намуд. Ҳамчунин мулоқоти расмӣ бо муовини Раиси шаҳри Антверпен Йоҳан Клапс баргузор гардида, имкониятҳои ҳамкории фарогир дар самтҳои иқтисод, саноат, нақлиёт, технологияҳои рақамӣ ва рушди шаҳрҳои ҳушманд баррасӣ шуданд.

Дар идомаи сафар ҳайати Душанбе аз “Хонаи технологияҳои молиявии Люксембург (LHoFT)”, Маркази таҷрибавии зеҳни сунъӣ ва Бизнес-инкубатори шаҳри Люксембург боздид намуда, дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои молия, соҳибкорӣ, гузариши рақамӣ ва дастгирии стартапҳо муҳокима гардид.

Ин сафар бо муаррифии имкониятҳои технологияҳои рақамӣ, иқтисодию сармоягузории шаҳри Душанбе ва тавсеаи робитаҳо бо ниҳодҳои пешрафтаи кишварҳои Бенилюкс заминаи нав барои рушди устувори ҳамкорӣ фароҳам овард.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top