Рӯзҳои 27–29 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе нахустин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба идоракунии рушд бо таваҷҷуҳ ба мониторинг ва арзёбӣ баргузор гашта истодааст.
Намояндагони “Шаҳри ҳушманд” таҷрибаи рақамисозии инфрасохтори шаҳрӣ ва истифодаи системаҳои зеҳниро барои баланд бардоштани сифати зиндагии шаҳрвандон муаррифӣ намуд. Иштирок дар чорабинӣ имконият дод, ки таҷрибаи байналмилалӣ мубодила гардад ва самтҳои дурнамои рушди лоиҳаи “Шаҳри ҳушманд” бо дарназардошти талаботи муосир ба мониторинг ва арзёбии самаранокӣ муайян карда шаванд.
Конференсия сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва коршиносонро муттаҳид сохта, имкони мубодилаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва муайян намудани самтҳои рушди лоиҳаи “Шаҳри ҳушманд” бо дарназардошти талаботи муосирро фароҳам овард.






Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte