28 апрели соли 2026 дар меҳмонхонаи “Crown Plaza” шаҳри Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии Интернет (CAIGF 2026) баргузор гардид.
Форум бо унвони “Роҳи иттилоотии рақамӣ аз ҷудошавӣ то ҳамгироии рақамӣ” баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва коршиносон масъалаҳои рушди рақамӣ, идоракунии маълумот, зеҳни сунъӣ ва амнияти кибериро баррасӣ карданд. Дар чорабинӣ намояндагони КВД “Шаҳри ҳушманд” низ иштирок намуданд.
Барнома ҷаласаҳои пленарӣ, бахшҳои мавзӯӣ, семинари амнияти киберӣ ва ҷаласаи парлумониро дар бар гирифт.
Ин чорабинӣ саҳми Тоҷикистонро дар рушди рақамӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ таъкид менамояд.








Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte