Рӯзи механизмҳои маблағгузорӣ ва барномаҳои дастгирии ТХМ ва IT-стартапҳо, аз он ҷумла шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва мулоқот дар доираи “Ҳафтаи инноватсия ва гузариши рақамӣ дар Тоҷикистон”

Дар доираи “Ҳафтаи инноватсияҳо ва гузариши рақамӣ дар Тоҷикистон” Агентии инноватсияҳо ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории Акселерейт Просперити ҳамоишеро, ки ба ҳалли инноватсионӣ дар соҳаи маблағгузорӣ ва баланд бардоштани иқтидори ТХМ ва стартапҳо, аз он ҷумла IT-стартапҳо бахшида шуда буд, баргузор намуд.

Чорабинӣ иштирокчиёни асосии экосистемаи соҳибкории кишварро, аз он ҷумла намояндагони бахши хусусӣ ва давлат, муассисаҳои молиявӣ, бизнес-инкубаторон, акселераторон ва созмонҳои байналмилалиро ҷамъ овард.
Мақсади ҷамъомад мусоидат ба муоширати конструктивӣ ва тақвияти ҳамкории тарафҳо барои дастгирии соҳибкории инноватсионӣ ва рушди иқтисодии кишвар буд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top