Имзои созишнома дар бораи татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон»

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» Созишнома бастанд. Созишномаро Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи Тоҷикистон ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли ба имзо расониданд.

Ҳадафи асосии лоиҳа васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои рақамии инфиродии давлатӣ ва баланд бардоштани малакаҳои рақамии аҳолӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки таъсиси якумин Маркази коркарди маълумот дар Тоҷикистон мутобиқи талаботи стандарти байналмилалии TIER III Uptime Institute як ҷузъи ин лоиҳа мебошад. Таъсиси Маркази коркарди маълумот ҳифзи боэътимоди маълумот, фаъолияти устувор ва босуръати хизматрасониҳои рақамиро таъмин намуда, инчунин рақобатпазирии кишварро дар иқтисоди ҷаҳонии рақамӣ афзоиш медиҳад.

Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо мутахассисони байналмилалӣ ва мушовирони бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад. Роҳбарии лоиҳа ва баргузории ин чорабиниҳоро Маркази татбиқи лоиҳаҳо дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонки Миллии Тоҷикистон ва КВД «Шаҳри ҳушманд» таъмин менамояд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top