ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2024 ВА ВАЗИФАҲО ДАР СОЛИ 2025

6 январи соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Аҳтамзода Абдуалим, кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои ҳайати мушовара, кормандони Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли моликият, инчунин равоншиносони муассисаҳои таълимӣ ҷаласаи мушовараи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Нахуст, баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи якум сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур баромад намуда, зикр намуданд, ки соли 2024 барои аҳли маорифи пойтахт, соли рушд, соли муваффақияту дастовард ва дар маҷмуъ, соли комёбиҳо буд.

Соли 2024 зери таассуроти воқеан ҳам неку фаромӯшнашаванда, умедбахшу ормонсоз аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2024 дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ ироа гардид, баргузор гашта, таҳлили имрӯза аз Паёми навбатӣ маншаъ гирифта, инъикосгари дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Рақамикунонии соҳаи маориф яке аз муҳимтарин равандҳоест, ки барои беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилот ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ нақши калидӣ мебозад.

Татбиқи “Барномаи электронии “еDONISH” бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, барои содагардонии раванди кори омузгорон, назорати бехатарӣ, бойгонии маълумот, таъмини ҳамешагии раванди таълим, коркарди автоматии натиҷаҳои таълим ва равобити зичи муассисаҳои таълимӣ бо волидайн, ки заминаи хуб баҳри риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мусоидат менамояд.

Дар фарҷом, аз ҷониби КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳбарони Муассисаи хусусии таҳсилоти ибтидоии “Ганҷи дониш”, Муассисаи таълимии Литсейи хусусии “Эҳсон”, Литсейи “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”, Муассисаи хусусии таҳсилоти ибтидоии “Диёри дониш” ва Гимназияи “Шахсият” барои ҳамкориҳои самарабахш дар амалӣ намуданӣ Барномаи электронии “eDonish” бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top