20 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе рӯзи финтех ва зеҳни сунъӣ дар доираи Ҳафтаи “Инноватсия ва гузариши рақамӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Чорабинӣ аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон ва Гурӯҳи бонки Ҷаҳонӣ ташкил карда шудааст.
Дар доираи чорабинӣ рӯнамои лоиҳаи “Smart pay” баргузор гардид. Қайд карда шуд, ки барномаи “Smart Pay” на танҳо барномаи қабули пардохтҳо, балки платформаи автоматикунонии ҳуҷҷатҳо оид ба қабули аризаҳои шаҳрвандон дар шакли электронӣ, коркард, таҳлил ва бақайдгирии маълумот мебошад, ки заминаи мустаҳкам барои гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайри нақдӣ мегузорад.
Чорабинӣ намояндагони идораҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, коршиносони пешбар, стартапҳо, сармоягузорон ва намояндагони ширкатҳои бузургро барои табодули таҷриба, муҳокимаи имкониятҳо барои ворид кардани технологияҳои нав ба саноати молиявӣ ва муайян кардани самтҳои ояндадори рушд ҷамъ овард.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte