11 апрели соли 2025 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиер Шарифӣ бо президенти Ландтаг (парлумони) Вена Эрнст Воллер баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои байни шаҳрҳои Душанбе ва Венаро дар соҳаҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла дар лоиҳаҳои марбут ба консепсияи «Шаҳри хушманд» ва дигар самтҳои муҳим баррасӣ намуданд.




Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte