Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари департаменти шаҳрсозии байналмилалии Барномаи СММ оид ба маҳалҳои аҳолинишин (UN HABITAT)

5 ноябри соли 2024 дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср, муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода А. С. бо роҳбари департаменти шаҳрсозии байналмилалии Барномаи СММ оид ба маҳалҳои аҳолинишин (UN HABITAT) хонум Шипра Наранг Сури мулоқот кард.

Мулоқот бо мақсади ба итмом расонидани муаррифии баррасии ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе ва баррасии дурнамои ҳамкорӣ байни тарафҳо баргузор гардид.

Роҳбарияти UN Habitat раванди омодасозӣ ва муаррифии бомуваффақияти баррасии ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанберо дар Форуми муколамаи сатҳи баланд-форуми ҷаҳонии шаҳрҳо хуш пазируфт.

Қобили зикр аст, ки Шаҳри Душанбе аввалин шуда дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасии ихтиёрии маҳаллии худро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо татбиқи самтҳои нави ҳамкориро дар сатҳи маҳаллӣ, аз ҷумла бунеди “шаҳрҳои ҳушманд” ва рақамисозиро (таъсиси пойгоҳи додаҳо) баррасӣ намуда, аҳамияти ҳамкории зичи сохторҳои соҳавии якдигарро арзёбӣ карданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top