Маъракаи ниҳолшинонӣ

Дар доираи иқдоми пешгирифтаи мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси шаҳри Душанбе, яъне табдил додани шаҳри Душанбе ба “Шаҳри Сабз” санаи 16 январи соли 2021 кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, иқдом гирифтаанд, ки дар кӯчаҳои А.Ғуломов ва Карамови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дарахтони сояфканро шинонанд. Ҳамин тавр дар ҳудуди кӯчаҳои номбаршуда зиёда аз 100 бех ниҳоли арча ва 35 бех ниҳоли булут (каштан) шинонида шуд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” дар оянда низ нақша дорад, ки ин иқдомро давом диҳад ва дар ободонии шаҳри Душанбе пойтахти мамлакат саҳми худро гузорад.

Обуна шавед Viber

Обуна шавед Telegram

Илова кунед

scroll to top