28 марти соли 2025 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон номзадии Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Каримзода Мунира Бобохон – сартабиби Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона», аз ноҳияи Фирдавсӣ, Муҳиддин Нуриддин Давлатали – ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Давлатзода Қудрат Қамбар – ректори Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, аз ноҳияи Шоҳмансур ва Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ноҳияи Сино пешниҳод гардида буданд.
Пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро эълон кард. Дар натиҷа ба тарафдории номзад Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе 100% овозҳои вакилони интихобкунанда, ба тарафдории Каримзода Мунира Бобохон – сартабиби Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона» 98% овозҳо, ба тарафдории Муҳиддин Нуриддин Давлатали – ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» 98% овозҳо, ба тарафдории Давлатзода Қудрат Қамбар – ректори Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ 97% овозҳо ва ба тарафдории Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 99% овозҳои вакилони интихобкунанда дода шуданд.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte