25 декабри соли 2025 дар толори «IT Park»-и шаҳри Душанбе ҷаласа таҳти унвони «Рушди низоми рақамикунонии соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе» баргузор шуд.
Дар кори ҷаласа Муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Рахмиддин Салом, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният, аз ҷумла Анварзода Фарух Дилбаршо – Сардори бахши назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи шаҳри Душанбе, Раҳимов Зафар – Сардори шуъбаи Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони РВКД, Ғоибов Парвиз – намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин Исмоилзода Баҳром Мансур – Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Самадзод Саъдӣ – Директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» иштирок ва суханрони намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва намояндагони марказҳои таҳлилӣ ҳузур доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаи электронии «eDonish», ки аз соли 2020 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе амалӣ мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки дар давоми солҳои охир барои татбиқи босамари ин барнома корҳои назаррас анҷом дода шуда, он ба дастовардҳои муҳим ноил гардидааст.
Иштирокчиён зарурати густариши минбаъдаи низоми рақамикунонии соҳаи маорифро таъкид намуда, онро омили муҳими баланд бардоштани сифати таълим ва шаффофияти равандҳои идоракунии муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ карданд.











Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte