Иштироки КВД «Шаҳри ҳушманд» дар чорабинии «Тошканд аввалин – пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»

Санаи 15-16 апрели соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар Қасри эҷодии «Ҷавонони Тошканд» маросими ифтитоҳи чорабинии «Тошканд – аввалин пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид. Хайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнами Карим ва намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муаррифи намуданд.

Дар ин чорабинӣ роҳбарони созмонҳои ҷавонон ва ҷавонони кишварҳои узви ИДМ дар бораи сифати таҳсилот, илм, инноватсия, волонтёрӣ ва экология табодули таҷриба карданд. Илова бар ин, муаррифии лоиҳаҳои ҷавонон, намоишгоҳи технологияҳо, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва намоишгоҳҳои соҳибкорӣ ташкил карда шуданд.

Ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи «Тошканд – пойтахти ҷавонони ИДМ» ширкат варзиданд.

Дар форум созмонҳои ҷамъиятии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ дар ҷаласаҳои панелӣ дар самтҳои зерин мубоҳисаҳо баргузор менамоянд: «Сифати таҳсилот ва илм яке аз захираҳои муҳимтарини таъмини рушди иқтисодӣ ва рушди инноватсионии давлат», «Созмонҳои волонтёри ҳамчун падидаи иҷтимоии ҷомеаи муосир» ва «Мушкилотҳои глобалии экологӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо».

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top