Иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар чорабинии  Бонки рушди Авруосиё   бахшида ба нақшаҳои ҳамкорӣ дар соли 2026

20 ноябри соли 2025 дар меҳмонхонаи Crown Plaza шаҳри Душанбе чорабинии  Бонки рушди Авруосиё   бахшида ба нақшаҳои ҳамкорӣ дар соли 2026 баргузор гардид.

      

Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилотҳои байналмилалӣ Намояндагони бонк ва бахши хусусӣ инчунин роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок карданд.

      

Инчунин  Презентатсияи Бонки рушди Авруосиё баргузор гардид. Намояндагони Бонки рушди Авруосиё дар бораи самтҳои асосии фаъолияти бонк, лоиҳаҳо ва ҳамкории он бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуданд.  

    

Дар доираи чорабинии мазкур миёни Бонки рушди Авруосиё ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт Бахтиёр Шарифӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва аз ҷониби Бонки рушди Авруосиё  Т. С. Саркисян имзо намуданд.

Ин иқдоми муҳим ба рушди технологияҳои нав ва татбиқи ҳалли рақамӣ равона шуда, заминаи устувор барои пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар фароҳам меорад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top