28 июли соли 2020 дар дафтари кории Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)-и мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе вохурии директор Саъдӣ Самадзод бо намояндагони Ассотсиатияи “KOSHUMA”-и Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.
Дар вохурӣ оиди ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати насбу васли камераҳои назоратии мушоҳидавӣ дар таваққуфгоҳҳои “ҳушманд” шаҳри Душанбе, ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳо ва гузаронидани Бизнес-форум бо доираи лоиҳоҳои “ҳушманд” шаҳри Душанбе дар соли 2021 мубодилаи афкори судманд намуданд.
Дар анҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои кайдгардида баён доштанд.
Обуна шавед Viber
Обуна шавед Telegram
Илова кунед