Иштироки роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» дар омӯзиши муфассали Техникии (Technical deep dive) идораи партовҳои сахти маишӣ бо истифода аз технологияҳои нав ва рақамикунонии ин соҳа

Аз 12 то 16 май дар шаҳри Софияи Ҷумҳурии Булғористон омӯзиши муфассали Техникии (Technical deep dive) идораи партовҳои сахти маишӣ бо иштироки намояндагони 12 кишварҳои гуногун идома дорад.

Омӯзиши муфассали техникӣ (TDD) як курси омӯзишӣ мебошад, ки бо дастгирии бонки Ҷаҳонӣ ташкил карда шудааст ва дар бораи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, ки метавонад барои беҳтар кардани таҳияи барномаҳо ва мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳо дар идоракунии партовҳои сахти маишӣ бо истифода аз технологияҳои нав ва рақамисозии ин соҳа маълумот медиҳад.

Роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар ин чорабинӣ иштирок намуда, лоиҳаи рушди Устувори шаҳри Душанбе рӯнамо намуданд. Дар ҷараёни муаррифӣ ҳадафҳо ва вазифаҳои лоиҳа, аз ҷумла беҳтар намудани низоми идоракунии партовҳои сахти маишӣ тавассути рақамисозӣ, мониторинги системавӣ барои беҳтар намудани вазъи экологӣ дар шаҳри Душанбе, рушди устувори иҷтимоию иқтисодии пойтахт ва ҳифзи муҳити зист қайд карда шуданд.

Зимни муҳокима усулҳои исботшуда, аз қабили истеҳсоли сӯзишворӣ аз партовҳо, коркарди биологии механикӣ, коркарди партовҳо ба энергия ва таҷрибаҳои беҳтарини идоракунии ҷойҳои ҷамъоварии партовҳоро баррасӣ гардиданд.

Ин курси омӯзишӣ ҳамчун платформаи табодули дониш ва таҷриба, инчунин баланд бардоштани тахассуси иштирокчиён дар соҳаи рушди устувор ва муносибати инноватсионии идоракунии партовҳои сахти маишӣ хизмат менамояд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top