15 ноябри соли 2024, аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ дар мавзӯи «Нақши мутахассисони молия дар раванди харид» тренинг баргузор гардид. Дар тренинг мутахассисони идоракунии молиявӣ, сармуҳосибон, муҳосибон, ҳамоҳангсозони лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешаванд ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ, аз ҷумла мутахассиси Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» шомил шуданд.
Мақсади тренинг такмил додани дониши мутахассисони идоракунии молиявӣ дар бораи масъулиятҳои онҳо дар марҳилаҳои гуногуни раванди харид ва идоракунии шартномаҳо ва ба ин васила беҳтар кардани ҳамкорӣ бо гурӯҳи мутахассисони харид мебошад.
Нақши Бонк ва қарзгир дар татбиқи лоиҳаҳо, инчунин нақши мутахассисони менеҷменти молиявӣ дар раванди харид, аз қабили: банақшагирии харид, таҳияи ҳуҷҷатҳои тендерӣ, қабули пешниҳодҳои тендерӣ, арзёбии пешниҳодҳои тендерӣ, ба имзорасонии шартнома ва идоракунии шартномаҳо.
Бо мақсади татбиқи самаранок ва босифати лоиҳаҳо марҳилаҳои ҳамкории мутахасисони идоракунии молия бо мутахассисони харид ва гурўҳи мутахассисони техникӣ баррасӣ карда шуданд. Якчанд масъалаҳои амалӣ низ бо мисолҳои шартномаҳои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, маҷмӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохт ва ҳуҷҷатҳои пардохт истифода шуданд.
Тренинги мазкур ҳамкории мутахассисони идоракунии моливӣ бо гурӯҳи мутахассисони харид беҳтар намуда, барои татбиқи самаранок ва босифати лоиҳаҳо замина фароҳам меорад.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte