30 октябри соли 2025 дар меҳмонхонаи «Румӣ» тренинг оид ба ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва экологӣ дар доираи лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» баргузор гардид.
Ин тренинг як қисми силсилаи семинарҳо буда ва дар тренинги мазкур муовини якуми директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Рустамзода Фарҳод ва директори ширкати машваратии «Эколайн» Майя Гачечиладзе Божеску иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мавзӯи асосии чорабинӣ ба татбиқи талаботи Бонки Ҷаҳонӣ дар самти идоракунии иҷтимоӣ ва экологӣ дар лоиҳаҳои марбут ба муомила бо партовҳо бахшида шуда буд.
Дар рафти тренинг иштирокчиён бо принсипҳои асосии арзёбӣ ва коҳиши хатарҳои иҷтимоӣ ва экологӣ, талаботи марбут ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, инчунин механизмҳои самараноки ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор шинос шуданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими марбут ба татбиқи лоиҳаро баррасӣ намуда, шарҳу тавзеҳоти муфассал оид ба мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳро дарёфтанд. Дар натиҷаи чорабинӣ иштирокчиён зикр карданд, ки тренинг ба баланд бардоштани сатҳи донишу фаҳмиши ҷанбаҳои амалии татбиқи стандартҳои иҷтимоӣ ва экологии Бонки Ҷаҳонӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» мусоидат намуд.





Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte