ш.Душанбе. 06.03.2020. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингх мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо сатҳи кунунии муносибатҳои мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил намуда, самту уфуқҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманди барои ҳар ду тараф муфидро муайян намуданд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ атрофи мавзӯоти марбут ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ мубодилаи судманди афкор намуданд.
Тавре тазаккур дода шуд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаҳои гуногуни инфрасохтори шаҳрдорӣ, аз ҷумла бунёди роҳҳо ва хоҷагии коммуналӣ як қатор лоиҳаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст ва оянда низ ин амал идома хоҳад ёфт.
Бо қаноатмандӣ таъкид, ки мулоқоти имрӯза ба рушду густариши ҳамкориҳо байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳаматарафа мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи назари тарафайн баррасӣ гардид.
Мулоқот ба таври созанда ва дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
ШАҲРИ ДУШАНБЕ Хабар медиҳад.
Илова кунед