4 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории ду давлат дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҷалби сармоягузорӣ, энергетика, муҳоҷират, кишоварзӣ, илм, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардиданд.
Дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ байни КВД «Шаҳри хушманд (Smart city)» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати русияги «VisionLabs» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ёддошти тафоҳум ба рушди муносибатҳои минбаъдаи дуҷониба барои ҳамкории мутақобилан судманд мусоидат хоҳад кард.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед